Даргузашти Асозода баъди ҷарроҳии мутахассисони эронӣ
Профессор Худойназар Асозода, раиси собиқи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, субҳи 18 феврал, дар синни 73-солагӣ, бар асари бемории қалб аз дунё даргузашт. Асозода ахиран аз ҷониби мутахассисони эронӣ, ки махсус аз Олмон даъват шуда буданд, дар маркази бемориҳои дили Шаҳраки тиббии Душанбе ҷарроҳӣ шуда буд.
Наздикони профессори тоҷик мегӯянд, ҷасади ӯ дар гӯристони “Сари Осиё”-и пойтахт ба хок супурда хоҳад шуд. Худойназар Асозода 25 декабри соли 1941 дар деҳаи Момайии ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 1960 Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлобро хатм мекунад. Вай аз соли 1960 то соли 1963 ба сифати муаллими мактаби миёна дар ноҳияи собиқ Колхозобод, ҳоло Ҷалолиддини Румӣ, кор карда, сипас, соли 1963 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил мешавад.
Асозода солҳои 1992-1993 ба ҳайси муовини аввали ректори Донишкадаи забонҳо, 1996-1999 ҳамчун декани факултаи филологияи Донишгоҳи миллӣ, 2005-2008 ба унвони раиси Донишгоҳи омӯзгорӣ фаъолият кардааст. Аз моҳи январи соли 2013 профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Номи Худойназар Асозода, замоне ки роҳбарии Донишгоҳи омӯзгориро бар ӯҳда дошт, чанд муддат ба далели пофишорияш барои бастани гарданбанди донишҷӯён расонаӣ шуд. Он вақт мақомоти Вазорати маориф гуфта буданд, ки донишҷӯён набояд бидуни гарданбанд ба дарсҳо ҳозир шаванд.
Худойназар Асозода узви Иттиҳодияи адибон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)