Медали Сиёвуш - писари Бег Зуҳуров ва домоди президент
Сиёвуш Зуҳуров -- писари Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки домоди президент Раҳмон гуфта мешавад, дар сабқати байналмилалии “карате ню-фул контакт” ва “кикбоксинг” дар Эрон бо медали нуқра сарфароз гардидааст. Масъулони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мегӯянд, Сиёвуш ба далели лат хӯрдани пояш натавонистааст барои дарёфти медали тило қувваозмоиро идома диҳад.
Дар иттилоияи ин ниҳод гуфта шудааст, “Сиёвуш бо ду рақиби худ - яке аз Ироқу дигаре аз Эрон - дастболо гардид ва дар даври ниҳоӣ бо сабаби лат бардоштани пояш натавонист ба рӯи татами барояд ва соҳиби медали нуқра гашт." Манбаъ таъкид мекунад, ки рақибон аз Сиёвуш 10-15 сол калонтар буда, аз рӯи вазн низ бартарӣ доштанд.
Ба қавли масъулони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар ин сабқат варзишгарони тоҷик тавонистаанд 10 медали тилоро соҳибӣ карда, ба Ватан баргарданд.
Барандагони медали тило инҳоянд:
Миёни наврасон -- Абдуллои Мирзо 20 кило, Сафархони Юсуф 23 кило, Эмомназар Нуров +26 кило, Рустам Нуров, Манучеҳри Назривалӣ, Меҳрубони Маҳмадалӣ; Миёни ҷавонони аз 18 то 35-сола -- Мустафо Давлатов 55 кило, Зулфалӣ Латипов 67 кило, Ҷомӣ Латифов 70 кило, Муҳаммад Чақалов 80 кило. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)