Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи Тешаев барои куштори раиси зиндони Кӯлоб
Додситонии вилояти Хатлон алайҳи маҳбус Умед Тешаев, ки баъд аз зӯҳри 16 феврал бо зарби қайчӣ полковник Умар Қаюмов -- раиси зиндони Кӯлобро дар утоқи корияш кушта буд, парванда боз намудааст. Парвин Ализода, сухангӯи Муассисаи ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин парванда бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум кардан, ифтитоҳ шуда, таҳқиқи қазия идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи муътамад гуфт, Иззатулло Шарифов, муовини вазири адлияи Тоҷикистон ва раҳбари Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ, низ ба шаҳри Кӯлоб рафта, бо огоҳони ҳодиса мулоқот кардааст.
Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон баъд аз зӯҳри 17 феврал бо пахши як иттилоия куштори сардори зиндони шаҳри Кӯлоб, полковники адлия Умар Қаюмовро, аз ҷониби маҳбуси ин зиндон шарҳ доданд. Онҳо гуфтанд, ин ҳодиса соати 15:40-и 16 феврал дар утоқи кории полковник Қаюмов рух додааст.
Дар иттилоияи масъулони ВКД гуфта шудааст, ки маҳбус Умед Тешаеви 30-сола, ки қаблан ба ҳайси сартарош кор мекард, ҳангоми ба тартиб даровардани мӯйи сари сардори зиндон бо қайчии дар дасташ буда, як бор дар қисми сар ва 16 бори дигар ба бадани ӯ зарба задааст. "Дар натиҷа Қаюмов зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта дар роҳ ба беморхона ҷон бохтааст. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”,-омадааст дар иттилоияи ВКД.
Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки Умед Тешаев қаблан бо ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон барои содир намудани ҷинояти куштор ба муҳлати 17 соли зиндон маҳкум шуда буд: “Маҳкумшуда санаи 31 августи соли гузашта дар сартарошхонаи шахсиаш аз сабаби муноқишаи бамиёномада Абдурасул Алиеви 50-соларо 54 бор корд задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст."
Умар Қаюмов, сардори зиндони шҳари Кӯлоб, беш аз 12 соли охир дар ин мақом буда, қарор будааст соли оянда бознишаста шавад. Вай соли 1948 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба дунё омадааст.Дар акс: Марҳум Умар Қаюмов (Акс аз бойгонии хабарнигор Молики Сайф) Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)