Садамаи маргбори ду муовини Усмон Сабзов, раиси Ҳисор
Шариф Абдуллоев ва Нурмуҳаммад Ахмедов, ду муовини Усмон Сабзов -- раиси ҳукумати ноҳияи Ҳисор рӯзи шанбеи 15 феврали соли ҷорӣ ба садама дучор омада, ҳоло дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе бистарӣ будаанд.
Валиҷон Табаров, сардори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ҳисор, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, вазъи Абдуллоҷонов вазнин буда, ҳолати Ахмедов андаке сабуктар арзёбӣ мешавад. Ҷаноби Табаров мегӯяд, ин садама дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода иттифоқ уфтода, Холбӣ Давлатова, як корманди дигари ҳукумати ноҳияи Ҳисор, ки ҳамроҳи Абдуллоев ва Ахмедов будааст, низ ҷароҳат бардоштааст.
Сардори ШКД-и Ҳисор афзуд, ин садама бо мошини шахсии худи муовинони раиси ноҳияи Ҳисор (“Хундай”) рух дода, дар пайи он як нафар – Исматулло Холови 69-сола, ки савори мошини “Опел” будааст, ҳалок гардидааст. “Дар дохили "Опел" ҳамагӣ чаҳор нафар будаанд, ки аз ин ҳисоб як нафар фавтида, ду нафари дигарашон ҳоло дар беморхонаанд. Вазъи як нафари дигарашон хуб арзёбӣ мешавад”,-илова кард ӯ.
Аммо Валиҷон Табаров нагуфт, ки ин садама бо гуноҳи кадоме аз ронандагон рух додааст. Вай таъкид кард, “ташхис ҳоло ҷараён дорад ва ба нуқтаи ниҳоияш нарасидааст. Ҳамин ки дақиқ шуд, Шуморо огоҳ мекунем.”Дар акс: Усмон Сабзов, раиси ноҳияи Ҳисор Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)