Дархости Шукурҷон Зуҳуров ва амр барои ҳалли мушкили туннели “Истиқлол”
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, ки бо сафаре дар Теҳрон қарор дорад, аз ҳамтои эрониаш Алии Лоринҷонӣ хостааст, ба ҳалли бозсозии нақби “Истиқлол” дар ағбаи Анзоб мусоидат кунад. Ҳоло убуру мурур аз тариқи ин нақб, ки аз сӯи ширкати эронии “Собир” бунёд шудааст, мушкил шуда, ба гуфтаи мақомот, ба бозсозӣ ниёз дорад.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, қаблан тавофуқ шуда буд, бо ихтисоси шаш миллион доллар, ки се миллионашро Эрон пардохт мекунад, ин нақб бозсозӣ гардад. Вале онҳо аз кундии кори эрониҳо дар ин замина нигаронӣ карда, ҳатто Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, дар нишасти ахири хабарияш гуфт, агар раисиҷумҳур иҷоза бидиҳад, Душанбе бо тавони худ бозсозии онро анҷом хоҳад дод.
Шукурҷон Зуҳуров дар сӯҳбаташ бо Алии Лориҷонӣ гуфтааст, анҷоми бозсозии туннели Истиқлол, ки гоҳо мавриди норозигии мусофирону ронандаҳо қарор мегирад, ба муносибатҳои ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Бо таваҷҷӯҳ ба хоҳиши Шукурҷон Зуҳуров, Алии Лориҷонӣ ба ниҳодҳои масъули Эрон дастур додааст, ки мушкилоти сохтмони нақби “Истиқлол” ҳар чи зуддтар бартараф шавад.
Бунёди нақби “Истиқлол”, ки дар гарданаи Анзоб воқеъ асту шаҳри Душанберо бо шимоли кишвар пайваст мекунад, аз соли 1998 бо кумаки молии Эрон аз ҷониби ширкати “Собир Интернешнл” оғоз шуда буд. Моҳи майи соли 2003 Душанбе ва Теҳрон барои анҷом корҳои сохтмонӣ Ёддошти тафоҳумро тасвиб карданд. Барои иҷрои ин тарҳ 39 миллион доллар ихтисос шуда, аз ин миён 21 миллион доллар кумаки билоивази Эрон мебошад.
Иброҳим Раҳимпур, муовини вазири умури хориҷии Эрон, ки охири ҳафтаи гузашта бо вазири умури хориҷӣ ва раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқоти тӯлонӣ анҷом дод, дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар мавриди туннели "Истиқлол" гуфт, “мардуми Шумо бидуни он хеле заҳмат мекашиданд. Мо низ омадем, албатта, на ба дунболи даромад, чун суд надорад. Барои мо он 30 миллион хароҷот дорад.” Раҳимпур илова кард, дар ифтитоҳу мавриди истифода қарор додани туннели “Истиқлол” каме шитоб шудааст: “Дар ифтитоҳаш як миқдор аҷала шуда, дар идомаи он низ як масоили техникӣ низ шуд, ки бояд аз ду тараф маблаггузорӣ мешуд, то ҳал шавад. Инҳо хуб мудирият нашуд. Мо, албатта, дунболи айбҷӯӣ нестем, дунболи онем, ки мавриди истифодаи хуби мардум қарор гирад.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)