Мамитов: “Бо тоҷикон дар бораи мубодилаи замин сӯҳбат накардем”
Тоқон Мамитов, муовини сарвазири Қирғизистон, баррасӣ шудани масоили мубодилаи қаламрав миёни ҳайатҳои Бишкек ва Душанберо такзиб кардааст. Мамитов дар суҳбат бо расонаҳои кишвараш гуфтааст, чӣ гуна метавон дар бораи мубодилаи қаламрав суҳбат кард, дар ҳоле ки ҳоло хатти марзи ду кишвар муайян ва аломатгузорӣ нашудааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқоти рӯзи 14 феврал ҷонибҳо татбиқ гардидани протоколи №1 дар бораи берунории низомиён ва истифода накардани силоҳро баррасӣ карда, инчунин, ба тавофуқ расидаанд, ки дигар барои таҳдиди тарафҳо аз силоҳ кор намегиранд. Номбурда афзудааст, ҷонибҳо дар ин мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба оид ба тафтишоти тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон аз сӯи додситонии низомиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Муовини сарвазири Қирғизистон дар посух ба суоли хабарнигорон оид ба замони аломатгузории марзҳои ин кишвар бо Тоҷикистон изҳори беиттилоӣ карда, гуфтааст, шояд ин амал 3 ё 30 сол баъд сурат гирад. “Албатта, ин кор танҳо аз Қирғизистон вобаста нест, ин масъалаи дуҷониба мебошад. Ҳоло омилҳои субъективию объективии зиёде вуҷуд доранд, ки оғози аломатгузории марзҳоро ба таъхир мегузоранд”,-таъкид кардааст, ӯ.
Ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири кишвар ба хотири идомаи баҳси масоили марзӣ бо Қирғизистон озими Бишкек шуда, 14 феврал бо ҳамтоёни қирғизи худ ҷаласаи навбатии худро баргузор карданд. Дар ин ин мулоқот ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, тамоми пешниҳодҳои дақиқи худ оид ба масоили марзиро ироа кардааст ва то чанд рӯзи дигар дар ин бора аз Қирғизистон посух хоҳад гирифт. Бино ба иттилои ҳукумати Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ду кишвар оид ба масоили марзӣ қарор аст, моҳи марти соли ҷорӣ дар Душанбе сурат гирад.
Ба таъхир афтодани аломатгузории хати марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳолест, ки шоми 15 ба 16 феврал, як гуруҳи чорнафараи ҷавонони қирғиз дар ҳолати мастӣ бо сангҳо ба Мулломасъуд Бобоев, сокини ҷамоати Ворух ҳамла карда, тирезаи мошинашро шикастаанд. Мақомоти кишвар мегӯянд, танҳо дар моҳи феврали соли равон ин аллакай ҳолати сеюми ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки хисороти молӣ дар пай доштааст. Аммо ба гуфтаи манбаъ ба хотири муташанниҷ нашудани вазъ ҳамаи ин ҳолатҳо тариқи корӣ барои баррасӣ ба ҷониби Қирғизистон ирсол шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Раёсати умури дохилии вилояти Бодканд дар робита ба ҳамлаи ҷавонони масти қирғиз ба сокини Ворух бо ҳамтоёни суғдии худ гуфтугӯ карда, дар якҷоягӣ ин қазияро тафтиш доранд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)