ВИДЕО: Бозҷӯии ронандае, ки ҷасади Шоистаи 16-соларо 2 километр кашолакунон бурдааст
Ронандаи “Форд”, ки субҳи 13 феврал Шоиста Шамсиддиноваи 16-сола, донишҷӯи Академияи хизмати давлатии назди президенти Русияро, дар гузаргоҳи пиёдагардон дар шоҳроҳи Симферополи Маскав пахш кардааст, мавриди бозҷӯӣ қарор дорад.
Тавре аз навори видеоии дастгоҳҳои сабткунанда бармеояд, ронандаи "Форд" баъд аз пахши Шоиста, донишҷӯи 16-солаи тоҷик, ҳаракатро қатъ накарда, ҷасади ӯро то ду километр кашолакунон бурдааст. Танҳо дар гузаргоҳи баъдӣ ҷасади Шоиста аз мошин ҷудо шуда, дар канори роҳ афтидааст.
Расонаҳои русӣ менависанд, ронандаҳои дигар, ки ҷасадро дидаанд, аз ҳаракат боз наистодаанд ва маълум нест, ҷасади ин духтари тоҷик чӣ қадар дар канори роҳ меистод, агар кормандони пулис ӯро намедиданд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти пулиси Маскав аз шоҳидони ҳодиса хостаанд, ки рақами мошин ё ҳар иттилои дигарро дар бораи ин садама ироа кунанд ва зимнан мегӯянд, номи шоҳидон махфӣ нигоҳ дошта хоҳад шуд. Ин ниҳод аз шоҳидон хоҳиш дорад, бо рақамҳои 8-495-849-34-05 ё масъули кофтукоб 8-495-849-33-46 дар тамос шаванд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)