Боздошти 2 нафар ба гумони киберҷиноят дар Душанбе
Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Тоҷикистон аз боздошти 2 нафар дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар вуруди ғайриқонунӣ ба иттилооти компютерӣ муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ, яке аз боздоштшудагон, Сорбон Имомназаров, соли таваллудаш 1984, аввалҳои моҳи апрели соли 2013 дар назди бинои «Фарҳанг»-и пойтахт бо шаҳрванди Русия Прокопенко Александри 27-сола вохӯрда барои ғайриқонунӣ ба иттилооти компютерӣ ворид гардидан, маслиҳати пешакӣ намудаанд.
Тавре сомонаи ВУД айнан овардааст, “Сорбон Имомназаров ва Прокопенко Александр бо маслиҳати пешакӣ, ғайриқонунӣ ба иттилооти компютерӣ ворид гардида, таҷҳизотҳои техникӣ ду адад «Шлюз-GSM» бо истифода аз интернети босуръати оптика дар интернетҳои шаҳри Душанбе, шаш адад «Шлюз-GSM», се адад «WIMAX», панҷ адад «Симбонк» симкортҳои ширкати мобилии «Вавилон М»-ро таҷҳизонида, бо истифода аз барномаҳои махсуси компютерӣ, ғайриқонунӣ ба системаи муҳофизатшаванда даромада, бо терминатсияи ғайриқонунии зангҳои воридотии байналмилалӣ машғул гардида, дар натиҷа ба ширкати мазкур ва буҷаи давлат зарари моддӣ расонидаанд.”
Дар ҳамин ҳол ВУД таъкид мекунад, ки феълан нисбати ин ҳодиса далелҳои шайъӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)