Талаби ҷуброни зарари маънавӣ аз Абдуфаттоҳи Ғоиб дар додгоҳ (ВИДЕО)
Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав, рӯзи 17 феврал аз болои Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят бурданд. Шуҳрат Қудратов, яке аз се вакили дифои Зайд Саидов гуфт, тариқи додгоҳ аз Абдуфаттоҳи Ғоиб талаб мекунанд, ки изҳороти беасосашро дар ҳаққи онҳо рад намояду ҷуброни зарари маънавӣ пардозад.
Абдуфаттоҳи Ғоиб рӯзи 4 феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ташхиси ДНК-и Зайд Саидовро, ки муфаттишон ба додгоҳ пешниҳод кардаанд, 99,9 дарсад дуруст аст. Дар мавриди он ки вакилони мудофеъ навори масъулини “Био Папа”, масъули ташхиси ДНК-и Зайд Саидовро, пешниҳод карда, нишон доданд, ки хулосаи ироакардаи муфаттишон тақаллубӣ аст, Абдуфаттоҳи Ғоиб изҳор дошт: “Ин кори дасти вакилон аст, ки бо ин роҳ мехоҳанд, ба наздикони Зайд нишон диҳанд, ки кор карда истодаанд. Зеро мо медонем, ки 9 моҳ боз адвокатҳо ҳатто субҳонаро дар хонаи Зайд Саидов мехӯранд.”
Аммо Исҳоқ Табаров, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов дар шарҳи ин гуфтаҳои раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ гуфт, “шахсан ба ”Био Папа” муроҷиат кардам ва онҳо он нусхаеро, ки ба муфаттишон додаанд, ба ман низ нишон доданд. Дар он падари фарзанди гӯиё ҷабрдида будани зерҳимояи мо куллан рад шудааст.” Дар ҳамин ҳол Пажӯҳишгоҳи мустақили “Био-Папа” дар Русия низ изҳороти Абдуфаттоҳи Ғоибро, ки хулосаи ташхиси ин лабораторияро зери шубҳа гузоштааст, бе асос хонд.
Лилия Лазарева, намояндаи клиникаи “Био-Папа”, рӯзи 11 феврал дар суҳбат бо Озодагон гуфт, “мо тоза изҳороти раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистонро дастрас кардем. Ӯ моро як лабораторияе донистааст, ки гӯиё қодир аст ба ивази маблағ ба ҳар кор даст занад. Аммо дар асл чунин нест.” Лазарева таъкид намуд, ҳоло намояндагони “Био-Папа” изҳороти Абдуфаттоҳи Ғоибро мавриди омӯзиш қарор додаанд ва баъдан эҳтимол ҳуқуқшиносонашон ба Вазорати умури хориҷии Русия дар ин маврид муроҷиат кунанд. Ба гуфтаи ӯ, аз ин тариқ мехоҳанд, дар минбаъда аз изҳороти беасос дар ҳаққи онҳо ҷилавгирӣ шавад. “Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем шаъни худро ҳифз кунем”,-афзуд Лазерева.
Зайд Саидов баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” боздошт шуд. Додгоҳ моҳи декабри соли гузашта, баъд аз ҳафт моҳи боздошташ, ӯро дар қаллобӣ, сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муҷрим шинохта, барои 26 сол равонаи зиндон кард. Вакилони мудофеи Зайд Саидов мегӯянд, то ҳол нусхаи ҳукми додгоҳро дарёфт накарда, додрас Шавкат Абдулхайров ба онҳо шарт гузоштааст, ки танҳо дар сурати ифшо накардани ҷузъиёташ ҳукмро ба онҳо хоҳад дод.Абдуфаттоҳи Ғоиб дар бораи ташхиси ДНК-и Зайд Саидов Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)