Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи авали соли равон 418, 9 миллион сомониро ба муомилот баровардааст.
Тайи ин муддат бошад, 230, 4 миллион сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсударо аз муомилот бозпас гирифтааст.Тавре аз маркази матбуотии бонки миллӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ доданд, дар Тоҷикистон ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилотбуда дар 6 моҳи ахири соли 2011-ум 2, 6 миллиард сомониро ташкил додааст.
Бино ба маълумоти манбаъ, аз ин миқдор маблағи ба муомилот баровардашуда 21, 4 миллион сомонияш тангаҳои филизӣ мебошад. Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки нишондиҳандаи барномавӣ ба шумор мераванд, то охири моҳи июни ҳамин сол ба 3 миллиарду 139, 1 миллион сомонӣ расидааст. Ин нишондод нисбат ба аввали соли ҷорӣ 5% ва дар муқоиса ба 6 моҳи аввали соли гузашта бошад 38, 1% афзоиш ёфтааст, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}