АКС: Ҳамлаи гуруҳии қирғизҳо ба сокини Ворух ва “чашмпӯшӣ”-и мақомот
Шаби 15 ба 16-уми феврал, як гуруҳи чорнафараи ҷавонони қирғиз дар ҳолати мастӣ бо сангҳо ба Мулломасъуд Бобоев, сокини ҷамоати Ворух ҳамла карда, тирезаи мошинашро шикастаанд.
Тибқи иттилои манбаи “Озодагон” ҳамла ба Бобоев дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ӯ тақрибан соати 23:00 бо мошинаш “Опел Зефира” аз Исфара ба самти Ворух ҳаракат мекардааст. Манбаи мо аз қавли Бобоев гуфт, “ҳангоми гузаштан аз назди қисми низомии Қапчигай, ки дар деҳаи Оқсой воқеъ аст, ҷавонони қирғиз бе ягон сабаб ба сӯи мошини сокини Ворух бо сангҳо ҳамла карда, ба ӯ хисороти молӣ расондаанд. Як низомие, ки дар назди ин ҷавонон будааст, барои ҷилавгирӣ аз ин ҳамла ҳеч коре накардаст. Баъдан маълум шуд, ки низомии дар ҷойи ҳодиса ҳузурдошта, Мамадқулов М, муовини сардори қисми низомии Қапчигай будааст.”
Ба гуфтаи мақомот танҳо дар моҳи феврали соли равон ин аллакай ҳолати сеюми ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки хисороти молӣ дар пай доштааст. Аммо ба гуфтаи манбаъ ба хотири муташанниҷ нашудани вазъ ҳамаи ин ҳолатҳо тариқи корӣ барои баррасӣ ба ҷониби Қирғизистон ирсол шудаанд.