ҲНИТ: Мо Баҳриддинро ба Сурия нафиристодаем
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши изҳороте сафарбар шудани аъзои ин ҳизб ба нооромиҳои Сурияро рад карда, намоиши барномаи шабакаи телевизионии “Ҷаҳоннамо”-ро ғаразнок ва дур аз ҳақиқат хондааст.
Масъулини ҲНИТ дар ин изҳорот, ки зуҳри 15 феврал дар торнамои расмии ҳизб ба табъ расид, гуфтаанд, ҳар чанд Муъминов Баҳриддин-и 25-сола, ки ба иттиҳоми ҷанг алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия маҳкум ба зиндон шудааст, наҳзатӣ мебошад, вале ӯ ҳаргиз ба қасди шомил шудан ба ҳаракатҳои ифротию террористӣ аз кишвар берун нарафтааст.
Инчунин таъкид шудааст, ки ҲНИТ ҳеч гоҳ аъзои худро барои иштирок дар нооромиҳи Сурия ё ба хотири таҳсил ба хориҷ аз кишвар нафиристодааст. Аз сӯи дигар ба гуфтаи онҳо, ҳеч ҳизби сиёсие ҳақ надорад, ба сафари аъзои худ ба кишварҳои хориҷ дахолат кунад, чун маҳдудкунии ҳаққи комили шаҳрванд дониста мешавад.
ҲНИТ мегӯяд, ғаразнок будани ин барномаи шабакаи телевизиони “Ҷаҳоннамо” аз он маълум аст, ки Муъминов моҳи қабл маҳкум ба зиндон шудаасту ин навор ҳоло ба намоиш гузошта шудааст: “Дар мурофиъаи додгоҳӣ дар бораи узвияти номбурда дар ҲНИТ ишорае ҷой надошт. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки пас чаро имрӯз навореро бо гуфтори ғаразомез таҳия карда, пахш месозанд? ”
Шабакаи телевизиони “Ҷаҳоннамо” шоми 14 феврали соли ҷорӣ бо намоиши барномае аз боздошт ва зиндонӣ шудани Баҳриддин Муъминов, узви ҲНИТ ба иттиҳоми ҷанг алайҳи Башшор Асад хабар дода буд. Дар ин навор такя ба иттилои Кумитаи амнияти миллӣ гуфта мешуд, ки соли 2010 Баҳриддин Муъминов дар 21- солагӣ бо мақсади гирифтани таълимоти ғайрирасмии динӣ, ба Сурия сафар намудааст: “Баҳриддин Муъминов ва якчанд ҳаммаслакони ӯ аз ҳисоби шаҳрвандони тоҷикистонии машғули таҳсил дар Донишгоҳи «Маъҳат дували-ул-улуми араби»-и Сурия моҳҳои октябр-ноябри соли 2011 ва феврали соли 2012 дар ҳайати созмони террористии «Ҷабҳат-ун-Нусра» дар муҳорибаҳои ҷангӣ зидди нерӯҳои мусаллаҳи ҳукуматии Сурия фаъолона иштирок намуданд.