Ҷамъоварии имзо ба тарафдорӣ аз истеъфои президент дар интернет
Бархе аз гуруҳҳои мухолифи ҳукумати беш аз 20-солаи Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар интернет ба ҷамъоварии имзо барои тарафдорӣ аз истеъфои ӯ оғоз кардаанд.
Ин ҷамъоварӣ имзо аз рӯзи 11 феврали соли ҷорӣ ба ин сӯ идома дошта, то ин дам беш аз 3 ҳазор нафар хостори истеъфои Назарбоев шуда, зери номае имзо гузоштаанд.
Дар ин нома, ки зери он ҷонибдорони истеъфои Назарбоев имзо мегузоранд, аз ҷумла омадааст, “Рафиқ президент! Замоне расидааст, ки Шумо ва аъзои ҳукумататон аз симатҳои худ канор равед. Шумо бояд, нокомии худ дар назди давлату мардумро эътироф карда, хешро ҷавобгар ҳисобед. Ҳамонтавре ки худи Шумо мегӯед, ҳар раҳбар бояд, ҷавобгари ноуҳдабароии зертобеонаш бошад, ки кишварро ба харобию фақр бурда расонидаанд.”
Дар идома аз густариши фасодкорӣ ва афзоиши мизони қарзи хориҷии Қазоқистон ёдоварӣ шуда, ба навиштаи муаллифони нома агар ин қарзҳоро бар сари аҳолии ин кишвар тақсим кунанд, сари ҳар нафар 8 ҳазору 5 доллари амрикоӣ рост меояд.
Дар охир аз сӯи муаллифони нома даъват шудааст, ҳар шаҳрванди Қазоқистон, ки барои ояндаи кишвару фарзандони худ мехоҳад, бетараф набошад, ба ҷонибдории Назарбоев бояд талош кунад.