Тағйироти нави кадрӣ ва азми Раҳмон барои мансабгирии ҷавонону лағви “облава”
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми феврал кадрҳои ба вазифаҳои нав дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навтаъинро ба хизмати содиқонаю софдилона даъват карда, афзудааст, ки барои тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ва зина ба зина ба вазифаҳои баланд пешниҳод кардани онҳо низ пайваста кӯшиш бояд кард.
Ба иттилои манбаъ дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи сардорони чор раёсати Вазорати мудофиа шахсони дигар таъин шуданд: “Инчунин комиссари комиссариати ҳарбии муттаҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва комиссарони ҳарбии минтақаи Кӯлоб, шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Рӯдакӣ, Вахш, Қумсангир, Бохтар, Балҷувон, Носири Хисрав, Ҷиликул, Шаҳритус, Сарбанд ва Мастчоҳ иваз гардиданд.”
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон хостааст, барои қувваҳои мусаллаҳи кишвар кадрҳои миллии афсарӣ тарбия гарданд ва тавассути тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии наврасону ҷавонон, усулҳои ғайриқонунии даъват ба сафи артиши миллӣ комилан аз миён бурда шавад.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур дар мавриди тағйироти дигари кадрӣ, илова намуд, ки “панҷ нафар ба ҳайати роҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва шуъбаи минтақавии он дар минтақаи Рашт таъин шуда, ба ҷои муовини якуми раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раисони судҳои ноҳияҳои Қубодиён ва Панҷи вилояти Хатлон шахсони дигар омаданд. Инчунин чор нафар ба вазифаҳои судя дар суди вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон таъин шуданд. Баробари ин прокурори шаҳри Роғун иваз гардид.”
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат таъкид намудааст, ки кадрҳои нав ба адолати судӣ, волоияти қонун, коҳиш додани ҷиноятҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани обурӯю эътибори мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва корҳои тарғиботию пешгирӣ аз ҷинояткориҳо аҳамияти хоса диҳанд.