Раҳимпур дар бораи Истиқлол, Занҷонӣ ва “Сангтӯда-2”, баъди сӯҳбат бо Раҳмон
Иброҳим Раҳимпур, муовини вазири умури хориҷии Эрон, дар нишасти хабарии шоми 14 феврал дар Душанбе гуфт, тамоми тарҳҳои иқтисодие, ки Теҳрон дар Тоҷикистон амалӣ кардааст, барояш судовар нестанд. “Мо танҳо барои кумаки мардуми тоҷик инҳоро амалӣ мекунем”,-афзуд ӯ.
“МО ДУНБОЛИ ФОИДА НЕСТЕМ”
Ин нишасти хабарии Раҳимпур баъд аз сӯҳбати, ба гуфтаи ӯ тӯлонӣ, бо вазири умури хориҷӣ ва раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифт ва фардо, 15 феврал, аз ин мулоқот ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон гузориш хоҳад дод. Ӯ гуфт, миёни Душанбеву Теҳрон тавофуқ шудааст, ки дувумӣ ба зудӣ ба бозсозии туннели “Истиқлол” дар ағбаи Анзоб мепардозад. “Мардуми Шумо бидуни он хеле заҳмат мекашиданд. Мо низ омадем, албатта, на ба дунболи даромад, чун суд надорад. Барои мо он 30 миллион хароҷот дорад”,-афзуд ӯ.
Раҳимпур илова кард, ки дар ифтитоҳу мавриди истифода қарор додани туннели “Истиқлол” каме шитоб шудааст: “Дар ифтитоҳаш як миқдор аҷала шуда, дар идомаи он низ як масоили техникӣ низ шуд, ки бояд аз ду тараф маблаггузорӣ мешуд, то ҳал шавад. Инҳо хуб мудирият нашуд. Мо, албатта, дунболи айбҷӯӣ нестем, дунболи онем, ки мавриди истифодаи хуби мардум қарор гирад.”
“ШИРКАТҲОИ ЗАНҶОНӢ МАРБУТ БА ЭРОНАНД”
Муовини вазири умури хориҷии Эрон дар идома афзуд, ширкатҳои Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, дар тамоми гӯшаҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, марбут ба Теҳронанд ва дар сурати лозимӣ онро соҳибӣ хоҳанд кард. Ҷаноби Раҳимпур, ки дар рӯбарӯи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, ҳоло қазияи Занҷонӣ ниҳоӣ нашудааст ва бозпурсии афроди наздик ба ӯ ва ширкатҳояш идома дорад.
Вале муовини вазири умури хориҷии Эрон дақиқ нагуфт, ки аз ширкатҳои марбут ба Занҷонӣ дар Тоҷикистон ҳам касе мавриди бозпурсии муфаттишони эронӣ қарор гирифтааст, ё не. Танҳо афзуд, "ҳар ҷое, билохира, амлоке ва сармояе дорад, табиист, ки аз онҷо ҳам пурсуҷӯ мешавад ва ин дар ихтиёри мақомоти додгоҳии Эрон аст. Ин амлок ва амвол дар асл марбут ба Эрон аст. Дар мавриди даъват шудани мудирони тоҷики ширкатҳои Занҷонӣ иттилои дақиқ надорам, вале мумкин ин кор шуда бошад."
Ин дар ҳолест, ки бино ба баъзе хабарҳо гӯиё Рустам Саидов, раҳбари “Контбонк” дар Тоҷикистон, ки ба Занҷонӣ мансуб дониста мешавад, аз сӯи муфаттишон дар Эрон даъват ва бозпурсӣ шудааст. Вале масъулони “Контбонк” гуфтаанд, Саидов дар рухастӣ буд ва бо кори худ дар Эрон қарор доштааст.
ДАЪВАТИ РАҲИМПУР БА ХЕШТАНДОРӢ
Иброҳим Раҳимпур дар ин гуфтугӯяш ба масъалаи нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”, ки аз сӯи Эрон бунёд шуда, вале ахиран аз кор бозмонда буд, низ дахл кард. Ӯ гуфт, “ба далели фаннӣ як муддати маҳдуде қатъ шуд ва муҷаддадан фаъолияташро аз сар гирифта, ҳоло хонаҳои мардуми тоҷикро бо барқ равшан дорад. Ин масъала ҳал шуд. Мо бо оқои раисиҷумҳур ҳам қавлу қарордод гузоштем, ба хусус дар масъалаи он ки ширкати Фароб битавонад, дар оянда пружаҳои дигаре анҷом диҳад.”
Аммо ба суоли он ки чаро дар фасли сармо, фасле, ки аксар сокинони Тоҷикистон аз камбуди нерӯи барқ ранҷ мебаранд, нерӯгоҳ мавриди таъмир қарор гирифтааст, Раҳимпур гуфт, “чунин ҳолатҳо мешаванд”. Ӯ афзуд, вақте дар Тоҷикистон барқ набуд, дар баъзе аз манотиқи Эрон низ мардум газу барқ надоштанд.
Иброҳим Раҳимпур дар идома афзуд, “бояд дар бораи мушкилот хештандор бошем ва ин дӯстии Эрону Тоҷикистон набояд ҳадафи тири бегонагон қарор гирад. Мунтақидин агар дар ин бора сухане мегӯянд, бояд бидонанд, ки мо дар Тоҷикистон ба дунболи ҳеч суде нестем, танҳо барои равобити дӯстонаи ду кишварем.”