Ҳақбердиев сармураббӣ ва Чориев капитани “Регар-ТадАЗ” шудаанд
Алишер Ҳақбердиев, ки аз соли 2000 ба ин сӯ дар дастаи “Регар-ТадАЗ” кор мекунад, ба ҳайси сармураббии ҳамин тим баргузида шудааст. Ин интихоб дар ҷаласаи рӯзи 13 феврали соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода таҳти раёсати Шариф Назаров сурат гирифтааст. Инчунин, Фаррух Чориев, капитани “Регар-ТадАЗ” интихоб шудааст.
Ҳақбердиеви 37-сола аз шогирдон ва ёвари Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва собиқ сармураббии “Регар-ТадАЗ” дониста мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар оғози ҳафтаи ҷорӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода буд, Ҳабибуллоев дигарбора ба ҳайси сармураббӣ ба дастаи “Регар-ТадАЗ” бозгаштааст.
Ҳайати дастаи “Регар-ТадАЗ”, қаҳрамони ҳафткаратаи футболи Тоҷикистон, гуфтаанд, бо вуҷуди мушкили молӣ дар куллия бозиҳо иштирок карда, ба тамрини худ идома хоҳанд дод. Ба қавли онҳо, дар пайи бӯҳрони молии ҷаҳонӣ сармоягузори онҳо – корхонаи алюминиюми Тоҷикистон, ТАЛКО, низ ба мушкил мувоҷеҳ шудааст.