Сухангӯи Кумитаи андоз мегӯяд, аз мушкили Шаҳноза хабар надорад
Сухангӯи Кумитаи андози Тоҷикистон аз ифшои ҷузъиёти қасди худкушии Шаҳноза Абдуллоева дар бинои ин ниҳод, ба далели он ки он лаҳзаҳоро бо чашми худ надидааст, худдорӣ кард. Гавҳар Ҳомидова дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, аммо бовар надорад, ки “эътироз”-и Шаҳноза ба фаъолияти Кумитаи андоз ва раҳбарияти он ягон рабте дошта бошад.
“Фикр мекунам, он мушкили худи Шаҳноза аст, на бештар аз он”,-афзуд ӯ. Ҳомидова илова кард, “ростӣ, ман набудам. Агар шоҳиди ҳодиса мешудам, ягон маълумот медоштам. Ин кори шахсии худаш аст, агар хоҳед аз ӯ пурсед.”
Шаҳноза Абдуллоева, мутахассиси 25-солаи Кумитаи андози Тоҷикистон, рӯзи 11 феврал дар бинои ин ниҳод ба нишони эътироз қасд ба ҷони худ карда ва ҳоло дар беморхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе бистарӣ аст. Табибон вазъи ӯро муътадил арзёбӣ карданд. Яке аз наздикони Шаҳноза дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, намояндагони Кумитаи андоз ба дидорбинии ӯ омада, барои давою дармонаш кумак намудаанд.
Аз ин пеш, модари ӯ дар сӯҳбат бо мо гуфта буд, ки духтараш ду моҳи охир таҳти фишори бархе аз масъулони Кумитаи андоз қарор дошта, билохира ба он тоб наовардаву дар ҷои кор сирко (уксус) нӯшидааст. Ба қавли мусоҳиби мо, бархе аз масъулони Кумитаи андоз борҳо ба Шаҳноза ҳар гуна туҳмат зада, таҳдид мекардаанд, ки аз ҷои кор маҳрумаш менамоянд. Вале ин иттилоъро то ҳол расман касе тасдиқ накардааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)