Парванда барои монеагузорӣ дар таҳсили фарзандони мактабхон
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд Ш.Ш., як сокини шаҳри Конибдомро, барои монеагузорӣ дар таҳсили фарзандони мактабхонаш муттаҳам дониста, нисбат ба ӯ парванда боз намудааст.
Акбар Шарифов, сухангӯи раёсат, дар сӯҳбат бо Озодагон гуфт, “ин сокини Конибодом аз моҳи ноябри соли 2013 ба ин сӯ, намегузоштааст, писари синфи 5-умаш ва духтари синфи 7-умаш ба мактаб рафта, ба таҳсилашон идома диҳанд.”