Боздошту зиндонӣ шудани муҳоҷири тоҷик барои ивази ному насаб
Вазорати умури дохилии Тотористон аз боздошти як шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар убури ғайриқонунии марзи Русия айбдор мешавад.
Ин ниҳод мегӯяд, муҳоҷири тоҷик, ки то соли 2016 аз сафар ба Русия маҳрум шуда буд, бо тағйири ному насабаш дубора ба он ҷо рафтааст. Ба иттилои манбаъ, ин шаҳрванди Тоҷикистон соли 2011 дар нақзи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия айбдор шуда, аз қаламрави ин кишвар ихроҷ карда шудааст.
Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, алайҳи ин муҳоҷири тоҷик, ки ӯро дар Ватан 5 фарзанд интизор аст, парвандаи ҷиноӣ боз гардида, ба муҳлати як сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Дар бораи ному насаби ин муҳоҷири тоҷик чизе гуфта нашудааст.