Дуои намозгузорон барои Алишер, танҳо варзишгари тоҷик дар Бозиҳои Сочӣ
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар намози ҷумъаи 14 феврал дар ҳаққи Алишер Қудратов, лижарони тоҷик, ки дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочӣ иштирок дорад, дуо кард. Ӯ аз ҳамаи намозгузорон хост, то аз Худованд талаб кунанд, ки ин варзишгари тоҷикро дар сабқатҳо муваффақу комёб гардонад.
Алишер Қудратови 28-сола, зодаи ноҳияи Варзоб, танҳо варзишгари тоҷик аст, ки кишварро дар бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар Сочӣ намояндагӣ мекунад. Ӯ рӯзи 22 феврал дар бахши лижаронии кӯҳӣ қувваозмоӣ хоҳад кард.
Қаблан, мақомот гуфта буданд, ки Алишер Қудратовро дар Сочӣ Андрей Дригин низ ҳамроҳӣ мекунад. Вале Дригин рӯзи 7 феврал, ҳангоми муаррифии ҳайатҳои варзишии Тоҷикистон дар Сочӣ, иштирок накард ва номи ӯ дар торнамои “Сочӣ2014” низ нест. Мақомот то ҳол нагуфтаанд, ки Андрей Дригин чаро дар ин сабқат қувваозмоӣ намекунад. Дар ҳоле ки иштироки Владимир Владимиров, молики тарабхонае дар Красноярск, дар ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Сочӣ баҳсҳои зиёдеро ба по карду дар пайи он мақомоти тоҷик гуфтанд, ӯ ба ҳайси мураббии Андрей Дригин дар он ҷо ҳузур дошт.
Олимпиадаи зимистонаи Сочӣ, ки 7 феврал ифтитоҳ шуд, то 23 феврал идома хоҳад кард. Дар маросими ифтитоҳи он Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ иштирок карда, ҳангоми гузаштани ҳайати варзишии кишвар дар парад аз ҷои худ хеставу дастафшонӣ намуд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)