Бозҷӯии ронандае, ки духтари 16-солаи тоҷикро пахш кардааст
Мақомоти пулиси Маскав ронандаи номаълумро, ки субҳи имрӯз, 14-уми феврал духтари 16-солаи тоҷикро пахш карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст, мавриди бозҷӯӣ қарор додааст.
Тибқи иттилои мақомоти пулиси Маскав ҳодиса соати 7:30 дар шоҳроҳи Симферополи Маскав, дар чорроҳаи назди хонаи рақами 5 сурат гирифтааст. Духтари тоҷик, ки дар Маскав мехондааст, дар ҷои ҳодиса ҳалок шуда, ронанда аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.