Додгоҳи ҳакамӣ корманди қатори “Душанбе-Маскав”-ро муҷрим шинохт
Додгоҳи ҳакамии Русия Хайрулло Мадиев, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки соли 2012 ҳангоми кораш ба ҳайси пешхизмат дар қатори Душанбе-Маскав, гӯиё дар бонкаҳои бодиринг наздики 6 кило маводи мухаддирро ба қаламрави ин кишвар ворид кардааст, ганаҳкор донист.
Дар ин бора дафтари матбуоти додситонии вилояти Волгоград хабар дода, афзудааст, ҷазои Мадиевро додгоҳи касбӣ муайян хоҳад кард. Тибқи иттилои тафтишот, Мадиев тобистони соли 2012, ки ба ҳайси пешхизмат дар қатори “Душанбе-Маскав”кор мекардааст, бо ёрии дӯстонаш Хуршеду Маҳмадзоир Гуловҳо ва мудири тарабхонаи қатора, Баҳодур Пиронов талош кардааст, 5 килою 766 грам героинро ба Маскав интиқол диҳад. Ӯ ин миқдор мухаддиротро дар 12 бонкаи бодиринг ҷой кардааст.
Манбаъ мегӯяд, Мадиев дар қаламрави Волгоград бонкаҳоро ба сокини маҳаллӣ, Елена Досанова супоридааст, ки баъдан онҳоро Алиҷон Очилов барои интиқол ба Маскав гирифтааст: “Аммо дар роҳ маъмурини пулис мошини Очиловро боздошта, зимни тафтиш маводи мухаддирро дарёфт кардаанд.”
Зимни тафтишот Мадиев гуноҳашро иқрор накардааст, аммо ҳайати ҳакамон ӯро гунаҳкор хондааст. Парванда феълан барои баррасии ниҳоӣ ба додгоҳи касбӣ равона шудааст. Иштирокдорони дигар, аз ҷумла Елена Досанова ва Алиҷон Очилов, барои қасди фурӯши маводи мухаддир ба 9 солӣ ва Баҳодур Пиронов барои ҳамкорияш ба ҷазои сабуктар-7 соли зиндон маҳкум шудааст. Мақомоти Русия мегӯяд, мурофиаи бародарон Гуловҳо дар худи Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.