Ҳозир нашудани раиси собиқи Иттифоқи нависандагон ба додгоҳ
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 14 феврал ба далели ҳозир нашудани Аскар Ҳаким, раиси собиқи Иттифоқи нависандагон ва вакили мудофеи ӯ баррасии даъвои дувумборааш бар муқобили ҳафтаномаи “Самак”-ро ба таъхир гузоштааст.
Аскар Ҳаким иддао дорад, “Самак” дар матлаби “Зиёиёни бе мушкили тоҷик”, ки 21 марти соли 2013 нашр шудааст, ба таҳқири ӯ даст задааст. Масъулони “Самак” мегӯянд, ин матлабро Шаҳбози Нур, хабарнигори ғайриштатии онҳо навишта, дар бораи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиёни кишвар баҳс мекунад, ки дар он дар баробари Аскар Ҳаким чанд зиёии дигари тоҷик низ зикр шудааст. Ҳоло Аскар Ҳаким аз нашрия 150 ҳазор сомонӣ ҷуброн талаб дорад.
Бори аввал раиси собиқи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯзи 6 июни соли гузашта аз болои нашрияи “Самак” ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт шикоят бурда буд. Вале масъулони додгоҳ ин даъворо ба далели он ки Аскар Ҳаким 1050 сомонӣ боҷи давлатиро насупурдааст, баррасӣ накарда буданд. Онҳо гуфтанд, дар сурати пардохти боҷи давлатӣ ин баҳс аз сар гирифта хоҳад шуд. .Акс аз торнамои Би-би-сӣ Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)