Карзай: Амрико ба коре, ки марбут ба он нест, набояд дахолат кунад
Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон аз озодии 65 маҳбуси зиндони Баграми кишвараш истиқбол ва вокуниши Амрико дар ин бобатро зиёдаравӣ хондааст.
Карзай дар пайи мулоқоти се ҷонибаи раҳбарони Афғонистону Покистон ва Туркия дар Анқара гуфтааст, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико набояд ба озодии маҳбусони зиндони кишвараш дахолат кунад. Ӯ дар шарҳи гуфтаҳояш, афзудааст, “Афғонистон як кишвари мустақил буда, вақте мақомоти додгоҳияш барои озодии маҳбусе тасмим мегиранд, ба ин набояд Амрико дахолат кунад, чун ин кор ба он ҳеч тааллуқе надорад.
Раисиҷумҳури Афғонистон дар идома ибрози умедворӣ кардааст, ки Вашингтон аз усулҳои фишороварӣ болои мақомоти додгоҳии кишвараш даст бардошта, ба ҳокимияти миллии Кобул эҳтиром мегузорад.
Мақомоти афғон ахиран дар пайи як қарори раисиҷумҳури кишвари худ 65 зиндонии Баграмро ба озодӣ бароварданд, ки бо вокуниш ва эътирози Амрико рӯбарӯ шуд. Сафорати Амрико дар Кобул бо пахши як изҳорот ин иқдоми ҳамтоёни афғонашро таассуфбор хонда, гуфт, шахсони ба озодӣ баромада “басо хатарнок” мебошанд.