Путин ба Абдулфаттоҳ Сисӣ дар интихоботи Миср "роҳи сафед" хост
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, аз тасмими Абдулфаттоҳ Сисӣ, сарфармондеҳи қушунҳои ҳарбии Миср барои пешбарии номзадияш дар интихоботи президентии ин кишвар истиқбол кард.
Раисиҷумҳури Русия дар пайи маросими ифтитоҳи бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар Сочӣ дар баробари ба ҳузур пазируфтани руасои бархе аз кишварҳо бо Абдулфаттоҳ Сисӣ низ мулоқотеро анҷом дод. Путин дар ин дидор бо сарфармондеҳи қушунҳои ҳарбии Миср таъкид кардааст, “Маскав итминон дорад, Қоҳира баъд аз баргузории интихоботи президентияш як сиёсати ҳамкории комил бо Русияро ба роҳ мемонад.”
Раисиҷумҳури Русия дар баробари таманниёти муваффақият барои Сисӣ дар интихобот, гуфтааст, “бар дӯш гирифтани тақдири ояндаи мардуми Миср тасмими масъулиятнок ва муҳим мебошад.” Гуфта мешавад, Сисӣ яке аз номзадҳои аслӣ дар интихоботи президентии Миср ба шумор меравад, ки қарор аст, моҳи апрели соли равон баргузор шавад. Генерал Сисӣ асосгузори кудетои низомии Миср аст, ки ба сарнагунии ҳукумати тозатаъсиси Муҳаммад Мурсӣ сабаб шуд. Ҳарчанд ӯ расман номзадии худро эълон накардааст, вале аз сӯи артиши Миср номзадии ӯ пешбарӣ шуда, то кунун бо чанд расонаҳои хабарӣ дар бораи азми иштирокаш суҳбатҳо анҷом додааст.
Коршиносони мисрӣ мегӯянд, азбаски Сисӣ аз пешбарии номзадияш дар ин интихобот хабар додааст, майли сиёсатмадорон барои иштирок дар ин корзори сиёсӣ нисбат ба интихоботи қаблӣ, ки бо пирӯзии Мурсӣ анҷом ёфт, хеле кам эҳсос мешавад. То ҳол танҳо як нафар, Ҳамдейн Сабоҳӣ, асосгузори Ҳаракати мардумии Миср расман аз омодагии худ дар интихоботи президентии Миср хабар додааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)