“Ҳамла”-и дигарбораи Тошканд тавассути Биркл ба ТАЛКО
Хабаргузории расмии Узбакистон, “Ҷаҳон” рӯзи 13 феврал бо пахши як хабар фаъолияти корхонаи алюминиюми тоҷик, “ТАЛКО”-ро аз қавли Г. Биркл, мудири ширкати машваратии олмонии BOS Unternehmensberatung зараровар хондааст.
Биркл аз сиёсати пешгирифтаи Тошканд алайҳи ТАЛКО ҳимоят карда, ҳадафи онро ҳифзи муҳити зист ва саломатии халқ хондааст. Ин коршинос “ТАЛКО”-ро омили қафомондагии иҷтимоӣ дар минтақа гуфта, афзудааст, "бояд ҳаёти инсонӣ, аз ҷумла дар сиёсати саноатӣ низ аз ҳама боло гузошта шавад. Барои ислоҳи вазъ бояд пеш аз ҳама ҷониби зараррасон – Тоҷикистон ташаббус нишон диҳаду истеҳсолотро дар ТАЛКО бо усули муосир ва технологияи замонавӣ ба роҳ монад.”
Ин дар ҳолест, ки ба қавли масъулини ТАЛКО, қаблан низ Тошканд бо ҷалби аврупоиҳо, аз ҷумла филмбардорони итолиёвӣ алайҳи корхонаи алюминиюми тоҷик барномаҳоро фармоиш медод. ТАЛКО феълан калонтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон аст, ки беш аз 10 ҳазор нафарро бо кор фаро гирифтааст.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)