Ҷаласаи якҷояи Алимардонов ва Мамитов дар "Ало-Арча"-и Бишкек
Тоқон Мамитов, ноиби нахуствазири Қирғизистон, дар ҷаласаи ҳайатҳои Душанбеву Бишкек дар “Ало-Арча” гуфтааст, кишвараш тамоми мушкил бо Тоҷикистонро аз роҳи музокирот ҳал хоҳад кард. Ин ҷаласа рӯзи 14 феврал таҳти раёсати Мамитов ва Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири Тоҷикистон оғоз ёфт.
Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, дар ҷаласаи рӯзи 14 феврал дар Бишкек масъалаи ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзии миёни кишвар бо Қирғизистон, ки якҷониба баста шудааст, баррасӣ гардад. Ин гузаргоҳҳо дар пайи тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар маҳалли Хоҷаи Аъло аз сӯи Бишкек баста шуданд. Манобеи расмии Тоҷикистон мегӯянд, “дар ҷаласаи Бишкек ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи амалии мувофиқаҳоеро, ки дар вохӯриҳои қаблии рӯзҳои 30-31 январи соли 2014 ба даст омада буданд, баррасӣ мекунанд”.
Дар пайи тавофуқи рӯзи 31 январи Муродалӣ Алимардон, ноиби нахуствазири Тоҷикистон, бо ҳамтои қирғизаш -- Тоқон Мамитов се гуруҳи кории махсус аз Душанбеву Бишкек ташкил шуда буд. Ин гуруҳҳо 5 феврали соли ҷорӣ ҷаласаи нахустини худро дар Исфара баргузор карда, кори худро аз Хоҷаи Аъло, маҳалли тирпаронии 11 январ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз, шурӯъ намуда буданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, “аз ҷониби Душанбе гуруҳи корӣ оид ба масоили низомию марзро Шералӣ Хайруллоев, ёрдамчии раисиҷумҳур оид ба амният, гуруҳи корӣ оид ба мушаххас ва аломатгузории марзро Маҳмадтоҳир Зокиров, раиси Кумитаи заминсозӣ ва гуруҳи корӣ оид ба истифодаи роҳҳои наздимарзиро Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон роҳбарӣ доранд.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)