Ҷалолов: “Вазири маориф дар се ҳолат ҳуқуқи инсонро нақз кардааст”
Тоҷиддин Ҷалолов, мудири иҷроияи “Маркази ҳуқуқи кӯдакон” дар шарҳи қарори ахири вазири маорифи кишвар оид ба таҳсили бидуни танаффус то охири моҳи апрел, ба “Озодагон” гуфт, “бо ин қарор ҳадди ақал дар се ҳолат ҳуқуқи инсонро поймол кардаанд”.
Ҷалолов афзуд, “Қонуни асосии Тоҷикистон дар моддаи 37 барои ҳар шаҳрванд ҳуқуқ ба истироҳатро муқаррар кардааст. Инчунин, кишвари мо дар соли 1993 Эъломияи Созмони Милал оид ба ҳуқуқи кӯдаконро ба тасвиб расондааст, ки дар моддаи 31-уми он низ ҳуқуқи кӯдак ба истироҳат таъкид шудааст.” Мусоҳиби мо таҳсили бе танаффусро барои кӯдакону наврасон мушкилзо гуфта, таъкид намуд, ки онҳо мунтазам ба истироҳат ниёз доранд, то нерӯяшонро барои идомаи таҳсил барқарор созанд.
Дар ниҳоят мудири иҷроияи “Маркази ҳуқуқи кӯдакон” илова кард, ки қарори ахири вазири маориф, инчунин, мухолифи моддаи 60-и Кодекси меҳнат мебошад, ки барои муаллимон рӯзҳои истироҳатро муқаррар намудааст. Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, рӯзи 13 феврал қарор кардааст, донишомӯзони тамоми муассисаҳои таълимии кишвар то охири моҳи апрели соли ҷорӣ бидуни истироҳат дарс бихонанд. Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маориф, дар суҳбат бо “Озодагон” ин хабарро таъйид карда, гуфт, ин тасмимро ба хотири ҷуброни таътили зимистонае, ки то 10 феврал тамдид шуда буд, гирифтаанд. Ӯ гуфт, тамоми раҳбарияти шуъбаҳои маорифи кишвар дастур гирифтаанд, ҷадвали дарсҳои иловагиро тартиб дода, дар рӯзҳои истироҳати ҳафта низ ба донишомӯзон дарс гуфта шавад.
Ба қавли Шоев, "макотиби миёнае, ки имкони гузаштани дарсҳои иловагиро дар рӯзҳои дарсӣ доранд, метавонанд, охири ҳафта ба таври муқаррарӣ истироҳат кунанд." Аммо сухангӯи Вазорати маориф ва илм гуфт, ин қарори вазир ба рӯзҳои таътил дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иртибот надошта, донишомӯзон тибқи муқаррарот дар ин рӯзҳо истироҳат хоҳанд кард. Дар пайи сард омадани боду ҳаво бо дастури Нуриддин Саидов таътили зимистона дар кулли муассисаҳои таълимии кишвар то даҳуми феврал тамдид карда шуда буд. Дар ҳоле ки қарор буд, таътили зимистона рӯзи севуми феврал ба анҷом расида, дарсҳо шурӯъ гарданд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)