ҲНИТ дар бораи нафари муттаҳам ба таҷовузи 2 духтарандараш
Натиҷаи таҳқиқи гуруҳи кории Ҳизби наҳзати исломӣ, ки Ҷалолиддини Маҳмуд, узви Шӯрои сиёсӣ ва Муҳаммаднабӣ Бердиев, раиси бахш дар Ҳисор шомили он будаанд, нишон додааст, ки Маҳмадулло Холов -- нафари муттаҳам дар таҷовузи ду духтарандари ноболиғаш, ҳеч гоҳ узви ҲНИТ набуда, риш ҳам надоштааст.
ҲНИТ баъд аз зӯҳри 13 феврал дар торнамои худ навишт, гуруҳи корӣ мушаххас кардаанд, ки Маҳмадулло Холов, воқеан, зодаи деҳаи Обигарми дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор буда, соли 2003 ба Исфара рафта будааст. Ба гуфтаи ҳайати гуруҳи корӣ, Холов баъдан бо Мунира Тӯхтаева издивоҷ намуда, дар хонаи ӯ дар Гузари Эшон (Ҷӯгимаҳалла)-и ин шаҳр зиндагӣ мекардааст.
Ҳамсояҳои Мунира Тӯхтаева нақл кардаанд, ки Маҳмадулло Холов гоҳо ба хонаи ӯ омада, ҳамчун «табиби мардумӣ» дар Исфараву Конибодом ва дигар ноҳияҳои атрофи ин минтақа фаъолият доштааст. “Шаҳодатномаи №016473, ки бар асоси он Маҳмадулло Холов узви ҲНИТ гуфта мешуд, сохта ва тақаллубист. Чунки бо ин рақам шаҳрванд Азиза Солиева, сокини деҳаи Чоркӯҳи Исфара ҳамчун узви воқеии ҳизб шинохта мешавад”,-навиштааст торнамои ҲНИТ. Ҳизби наҳзати исломӣ ришу мӯйлаби Маҳмадулло Холовро низ сунъӣ дониста гуфтааст, афроди наздик ба ӯ ҳангоми тамошои навор Холовро нашинохтаанд. “Чунки дар асл ин айбдоршаванда риш надоштааст”,-мегӯянд гуруҳи корӣ.
Наздикони Холов илова кардаанд, ки ӯ саводи динӣ надошта, ҳатто намоз ҳам намехонд. Ба қавли масъулони ҲНИТ, Холовро чанд нафари ниқобдор гӯиё чанд рӯз қабл аз намоиши гузориши телевизионии Кумитаи амнияти миллӣ аз манзили зисташ бо худ бурдаанд. “Баъд аз анҷоми чунин саҳнасозиҳо Маҳмадулло Холов дар ҳолати зарби равонӣ ба ноҳияи Ҳисор меояд, ки дар баданаш осори латукӯб мушоҳида мешудааст. Баъд аз дидани навори телевизионӣ ва зоҳири сохтаи хеш зарбаи дигари равонӣ мебинад ва гӯиё ба беморхонаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ интиқол ёфтааст”,-навиштааст торнамои ҲНИТ.
Масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯянд, тасмим доранд, “дар мавриди ҳодисаи тақаллубкории шаҳодатномаи ҳизбӣ ва пахши таҳқиромези навори телевизиониву равона кардани муҳтавои он бар зидди ҲНИТ дар наздиктарин фурсат ба додгоҳ муроҷиат кунанд”.
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар гузорише, ки шоми 7 феврали соли ҷорӣ тавассути шабакаҳои давлатӣ пахш кард, аз боздошти Маҳмадулло Холов, табиби мардумӣ дар вилояти Суғд, ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси ноболиғон хабар дод. Ин ниҳод мегӯяд, Маҳмадулло Холов, ки аз соли 1991 ба ин сӯ, гӯиё узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, дар дастдарозӣ ба номуси ду духтарандар ё духтарони ӯгайи ноболиғаш муттаҳам мешавад.
Ба гуфтаи Кумитаи амният, гӯиё ин табиби мардумии тоҷик -- Мадинаи 17-сола ва Рухшонаи 13-соларо ба таври зӯроварӣ таҷовуз кардааст, ки дуюмӣ дар синни 15-солагӣ соҳиби фарзанд шудааст. Худи Рухшона низ, ки дар ин бора дар барномаи телевизионӣ суҳбат мекард, ин ҳамаро таъйид карда, гуфт, ба хотири тарс дар бораи ин ҳамхобагӣ бо падарандараш ба модари худ иқрор намешудааст: “Соли 2007 ман аз пияндарам ҳомиладор шуда, соли 2008 фарзанд ба дунё овардам.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)