Радди дархости вакили Тутубалина ва талаби дигарбораи 200 000 сомонӣ
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт рӯзи 13 феврал, ҳангоми баррасии даъвои зиёиён алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи русизабони “Азия-Плюс” дархости ҷониби ҷавобгар дар бораи дубора гузарондани ташхиси лингвистиро рад кардааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” Иноят Иноятов, вакили мудофеи Олга Тутубалина, хабар дода, афзуд, “дархост кардем, ки матлаби мавриди баҳс аз сӯи як ниҳоди дигар дубора ташхиси лингвистӣ шавад. Вале, мутаассифона, додрас дархости моро напазируфт”.
Ба гуфтаи Иноятов, дар мурофиаи рӯзи панҷшанбе ҷониби даъвогар аз додрас хостаанд, ки ба фоидаи зиёиён аз ҳисоби нашрияи русизабони “Азия-Плюс” 200 ҳазор сомонӣ рӯёнда шуда, бо пахши як раддия аз онҳо маъзаратхоҳӣ низ шавад. Ба гуфтаи Иноятов, худи онҳо рӯзи 17 феврал баромад доранд ва сипас додгоҳ ҳалномаи худро эълон хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки дар мурофиаи рӯзи 11 феврал ташхисгарони лингвистикии матлаби Тутубалина мавриди пурсиш қарор гирифта буданд. Иноят Иноятов гуфт, дар ҷараёни мурофиа муайян шудааст, ки аз се ташхисгари матлаби Тутубалина ихтисоси ду нафарашон ба забони русӣ ҳеч рабте надорад. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, матлаби Олга Тутубалина бо забони русӣ навишта шудааст.
Ёдрас мекунем, даъвогари асосӣ Иттиҳодияи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Ин иттиҳодияҳои эҷодӣ аз болои Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн ва маъзаратхоҳии расмиро талаб доранд.
Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.