Ҷашни 95-солагии Опланчук, раиси собиқи “Востокредмет”
Масъулони шаҳри Чкалови вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо кормандони “Востокредмет” рӯзи 13 феврал аз 95-солагии раҳбари пешини ин корхона Опланчук Владимир Яковлевич таҷлил карда, хотири ӯро гиромӣ доштанд. Қаҳрамон Умаров, муовини аввали раиси Чкалов, ҳангоми суханронии худ гуфт, “тоҷикон табиатан хештаншиносу инсонпарваранд ва хидматҳои афроди барӯмандро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунанд”.
Опланчук Владимир дар даврони ҳукумати Шӯравӣ беш аз 30 сол роҳбарии “Востокредмет”-ро бар ӯҳда доштааст. Мақомоти шаҳри Чкалов мегӯянд, маҳз дар дарвони раисии ӯ “корхонаи давлатии “Востокредмет” ҳамаҷониба ташаккул ёфта, шаҳри Чкалов ба яке аз манотиқи сарсабзу зеботарини кишвар табдил ёфтааст.”
Корхонаи давлатии “Востокредмет” соли 1945 бо номи комбинати кимиёии рақами 6 бунёд шуда, баъдан, дар соли 1967, ба Комбинати кимиёии Ленинобод табдили ном кардааст. Дар соли 1990 номи “Востокредмет”-ро мегирад. Гуфта мешавад, дар ин корхона барои аввалин бомбаи атомии Иттиҳоди Шӯравӣ уран истеҳсол шудааст.