Шаҳрванди Тоҷикистон дар Сочӣ хабарнигори ИТАР-ТАСС-ро “наҷот” додааст
Суҳбат Ҳайдарализода, муҳоҷири тоҷик, планшети кории гумшудаи хабарнигори “ИТАР-ТАСС”, ки олимпиадаи зимистонаи Сочиро инъикос мекардааст, ёфта бозпас ба соҳибаш баргардондааст.
Дар ин бора “Евронюз” аз қавли “ИТАР-ТАСС” хабар дода, ин кори муҳоҷири тоҷикро намунаи меъёри асосии олимпӣ, “бозии бовиҷдонона” ё худ “Fair play” арзёбӣ кардааст.
Соҳиби планшети гумшуда мегӯяд, барои ёфтани ин дастгоҳи муҳими корияш умеди кам дошт ва Суҳбат Ҳайдарализодаро “наҷотдиҳанда”-и худ хондааст.
Худи Ҳайдарализода баъди ёфтани планшет онро кушода, соҳибашро пайдо намудааст. Ӯ зимни баргардондани планшет ба соҳибаш дар Маркази асосии матбуотии бозиҳои олимпии Сочӣ изҳор доштааст, “хуб нашуд, ки компютери Шуморо кушодам, аммо ин ягона роҳи ёфтани соҳиби он буд, чун барои кори Шумо он муҳим аст.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)