Абдураҳмон Одиназода: “Шукри нурат чароғи бобоӣ”
Дар ҳоле ки ин шабу рӯз аксар сокинони манотиқи кишвар бо маҳдудият нерӯи барқ мегиранд, хонандае бо номи Абдураҳмони Одиназода як шеъри худро зери унвони “Чароғи бобоӣ” ба мо фиристодааст. Ин шеъри Одиназодаро дар гӯшаи “Минбари Шумо” нашр карда, аз дигарон ҳам мехоҳем, мактубу аксу видеои худро ба мо фиристанд.
ЧАРОҒИ БОБОӢ
Боз хомӯш гашт барқи мо,
Даргиронай чароғи бобоӣ.
Меравем ҳамчу кӯр - кӯрона,
Бо навойи чароғи бобоӣ.
Сӯзише мекунад бинии мо,
Аз ғубори чароғи бобоӣ.
Дуди талхаш чу дуди атомӣ,
«Шукри» нураш чароғи бобоӣ.
Биниҳоро кунад ғуборолуд,
Дасту панҷа шуда чу лойолуд.
Барқи нозук гар наояд зуд,
Деҳа чун водии «хомӯшон» шуд.
Шукри нурат чароғи бобоӣ,
Аз қадимулайём бо моӣ.
Нозукай ин чароғи «ленинӣ»,
Ҳамчу боде барояд аз бинӣ.
Шукри нурат чароғи бобоӣ,
Ҳамраҳӣ дар шаби танҳоӣ.
Абдураҳмон ОДИНАЗОДА