Нуриддин Саидов то охири апрел истироҳатро "манъ" кард
Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, қарор кардааст, донишомӯзони тамоми муассисаҳои таълимии кишвар то охири моҳи апрели соли ҷорӣ бидуни истироҳат дарс бихонанд.
Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маориф, рӯзи 13 феврал дар суҳбат бо “Озодагон” ин хабарро таъйид карда, гуфт, ин тасмимро ба хотири ҷуброни таътили зимистонае, ки то 10 феврал тамдид шуда буд, гирифтаанд. Ӯ гуфт, тамоми раҳбарияти шуъбаҳои маорифи кишвар дастур гирифтаанд, ҷадвали дарсҳои иловагиро тартиб дода, дар рӯзҳои истироҳати ҳафта низ ба донишомӯзон дарс гуфта шавад.
Ба қавли Шоев, "макотиби миёнае, ки имкони гузаштани дарсҳои иловагиро дар рӯзҳои дарсӣ доранд, метавонанд, охири ҳафта ба таври муқаррарӣ истироҳат кунанд." Аммо сухангӯи Вазорати маориф ва илм гуфт, ин қарори вазир ба рӯзҳои таътил дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иртибот надошта, донишомӯзон тибқи муқаррарот дар ин рӯзҳо истироҳат хоҳанд кард.
Дар пайи сард омадани боду ҳаво бо дастури Нуриддин Саидов таътили зимистона дар кулли муассисаҳои таълимии кишвар то даҳуми феврал тамдид карда шуда буд. Дар ҳоле ки қарор буд, таътили зимистона рӯзи севуми феврал ба анҷом расида, дарсҳо шурӯъ гарданд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)