Таъриф аз Амонулло Ҳукумов баъд аз "гусел"-аш ба нафақа
Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз, 13-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон аз Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раиси барканоршудаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” таъриф кард.
Асозода изҳор дошт, “он корҳои ободоние, ки Амонуллои Ҳукуматулло барои Тоҷикистон кардааст, ман ҳамчун вазир накардаам. Ин аст, ки ӯро бо як эҳтироми хосса ба нафақа гусел кардем.”
Дар мавриди бархӯрди Ҳукуматулло ба барканорияш, вазири нақлиёт афзуд, ки ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон зимни рафтанаш ба нафақа миннатдории зиёд кард: "Айни ҳол ӯ дар нафақа аст, бигузор истироҳат кунад."
Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), собиқ раиси корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки номи ӯ дар пайи садамаи писари 16-солааш моҳҳо боз дар сархати расонаҳо қарор дорад, 4-уми феврал бо қарори ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 98 ба нафақа баромада, ҷои худро ба Асадулло Зоиров додааст. Ҷаноби Зоиров то ин дам роҳбари корхонаи фаръии сохтмонии “Роҳсоз”-и ширкати Роҳи оҳан будааст.
Амонулло Ҳукуматуллои 63-сола соли 2002 ба курсии раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон нишаста, 12 сол боз зимоми ин корхонаро дар даст дошт. Номи вай дар се соли охир дар пайи қазияҳои марбут ба писараш -- Рустам ва Расул вирди забонҳо шуда, ҳамин тавр, дар сахати расонаҳо қарор гирифт. Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукуматулло, соли 2010 бо ҳукми додгоҳе дар Русия барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуд, ки ин хабар ҳангоми боздошти ду халабони як ширкати русӣ дар Қӯрғонтеппа расонаӣ гардид. Раҳоии Рустам низ бо раҳоии ин ду халабони ширкати русӣ рост омад, ки ҳадсу гумону суолҳоеро то ҳол боқӣ гузоштааст.