Асозода: “Агар раисиҷумҳур хоҳад, худамон Истиқлолро месозем”
Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 13 феврал дар ҷараёни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, зимни як санҷиш дар сохтмони нақби “Истиқлол” дар ағбаи Анзоб камбудҳоро пайдо кардаанд.
Асозода афзуд, дар пайи дарёфти камбудҳо намояндагони ширкати эронии “Собир”, ки ба бунёди ин нақб машғул буданд, даъват шуда, бо норасоиҳо дар корашон ошно шуданд: “Мо ба онҳо шарт гузоштем, ки ё камбудҳоро ислоҳ кунед, ё аз ин ҷо мебароед.” Ӯ афзуд, “агар президенти Тоҷикистон иҷозат диҳад, мо худамон бунёди нақби “Истиқлол”-ро ба анҷом мерасонем”.
Ба гуфтаи вазир, дар назар аст, зимни сафари вазири нерӯи Эрон ба Душанбе, ки ояндаи наздик сурат мегирад, ба масъалаи нақби “Истиқлол” нуқтаи ниҳоӣ гузошта шавад. Бунёди нақби “Истиқлол”, ки дар гарданаи Анзоб воқеъ асту шаҳри Душанберо бо шимоли кишвар пайваст мекунад, аз соли 1998 бо кумаки молии Эрон аз ҷониби ширкати “Собир Интернешнл” оғоз шуда буд. Моҳи майи соли 2003 Душанбе ва Теҳрон барои анҷом корҳои сохтмонӣ Ёддошти тафоҳумро тасвиб карданд.
Барои иҷрои ин тарҳ 39 миллион доллар ихтисос шуда, аз ин миён 21 миллион доллар кумаки билоивази Эрон мебошад. Айни ҳол бо вуҷуди ифтитоҳи расмии нақб вазъи он ногувор буда, мусофирон зимни убури он ба мушкилҳо дучор мешаванд.
Низом Ҳакимов, вазири собиқи нақлиёт, тобистони соли гузашта аз таъхиркории эрониҳо дар таҷдиди нақби Истиқлол интиқод карда гуфта буд, “агар эрониҳо аз ин нақб даст кашанд, чиниҳо омадаанд, таҷдиди онро базудӣ ба анҷом расонанд.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)