Вазир: “Аз Хоҷаи Аъло то Ворух роҳи мустақим талаб мекунем”
Хайрулло Асозода, вазири нави нақлиёт, гуфт, ҷониби Тоҷикистон қасд дорад, то аз Қирғизистон бихоҳад, ки аз Хоҷаи Аъло то Ворух барояшон роҳи мустақим бидиҳад. Ҷамоати Ворухи Исфара бо беш аз 30 ҳазор сокинаш феълан дар ҳолати анклав қарор дорад ва роҳ аз Хоҷаи Аъло то ин ҷамоат тариқи Қирғизистон мегузарад. Дар ҳоле ки ба қавли мақомоти тоҷик бар пояи тақсимоти марзию ҳудудии соли 1924 Ворух ҷазирақаламрав набудааст.
Асозода, ки дар ин бора 13 феврал дар посух ба суоли хабарнигори “Озодагон” сӯҳбат мекард, гуфт, “мо то ҳоло чунин пешниҳод накардем, вале дар нақша дорем, ки аз ҷониби Қирғизистон як чунин талаб кунем.”
Қаблан, як манбаи огоҳ ба “Озодагон” гуфта буд, дар мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 28 ва 29 январи соли ҷорӣ дар Исфара сурат гирифта буд, ҷониби Душанбе аз Бишкек хостааст, аз маҳалли Хоҷаи Аълои Исфара то Ворухи ин ноҳия роҳи мустақим бидиҳад. Дар сурати ризояити Бишкек, гуфта буд мусоҳиби мо, Ворух аз ҳолати ҷазирақаламравӣ раҳо шуда, вобастагии Исфара аз Қирғизистон коҳиш хоҳад ёфт.
Вазири нави нақлиёти Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи панҷшанбе, инчунин, ба масъалаи баста будани марз аз сӯи Қирғизистон низ дахл кард. Хайрулло Асозода ин иқдоми қирғизҳоро ба зарари худи онҳо арзёбӣ карда, афзуд, “феълан онҳо аз ин корашон пушаймон шудаанд”. Вазири нақлиёти Тоҷикистон далел овард, ки аз ҷониби ширкату шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамагӣ 34,4 дарсади боркашонӣ тариқи роҳҳои бастаи қирғизҳо сурат мегирифт. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, боқимондаи борро тариқи ин роҳ шаҳрвандони Қирғизистону Чин мекашонданд.
Асозода таъкид намуд, ин масъала дар назар аст, 14 феврал дар Бишкек зимни мулоқоти мақомоти тоҷику қирғиз мавриди баррасӣ қарор гирад. Қирғизистон дар пайи тирпарронии 11 январ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз марзро бо Тоҷикистон бастааст, ки боиси таҷаммӯи мошинҳо ва азоби ронандаю тоҷирҳои чанд кишвар гаштааст.
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)