Идомаи баҳси ҳайатҳои Душанбеву Бишкек дар Қирғизистон
Ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири кишвар ба хотири идомаи баҳси масоили марзӣ бо Қирғизистон 13 феврал озими Бишкек шуданд. Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва Шералӣ Хайруллоев, ёвари раисиҷумҳур дар умури амнияти миллӣ, шомили ин ҳайат будаанд.
Интизор меравад, фардо, 14 феврал ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон натоиҷи корҳои анҷомдодаи се гуруҳи кории байниҳукуматии ду кишвар дар умури марзиро баррасӣ кунанд. Дар пайи тавофуқи рӯзи 31 январи Муродалӣ Алимардон, ноиби нахуствазири Тоҷикистон, бо ҳамтои қирғизаш -- Тоқон Мамитов се гуруҳи кории махсус аз Душанбеву Бишкек ташкил шуда буд.
Ин гуруҳҳо 5 феврали соли ҷорӣ ҷаласаи нахустини худро дар Исфара баргузор карда, кори худро аз Хоҷаи Аъло, маҳалли тирпаронии 11 январ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз, шурӯъ намуда буданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, “аз ҷониби Душанбе гуруҳи корӣ оид ба масоили низомию марзро Шералӣ Хайруллоев, мушовири раисиҷумҳур оид ба амният, гуруҳи корӣ оид ба мушаххас ва аломатгузории марзро Маҳмадтоҳир Зокиров, раиси Кумитаи заминсозӣ ва гуруҳи корӣ оид ба истифодаи роҳҳои наздимарзиро Хайрулло Асоев, вазири нақлиёти Тоҷикистон роҳбарӣ доранд.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)