Тавсияҳои СММ дар пайи сафари Мендез ба Душанбе
Маркази ахбори Созмони миллали муттаҳид аз натиҷаҳои сафари Хуан Мендез, гузоришгари вижаи ин ниҳоди байналмилалӣ дар умури шиканҷа ба Тоҷикистон хабар дода, аз мақомоти тоҷик хостааст, талошҳоро барои решакан кардани шиканҷаю зӯроварӣ бештар кунанд.
СММ аз қавли Мендез мегӯяд, сиёсат дар Тоҷикистон нисбат ба шиканҷа аз воқеият ҳанӯз дур аст. Мендез аз иқдоми ҳукумати Тоҷикистон, ки зидди шиканҷа равона шудаанд, истиқбол намуда, афзудааст, ки ба хотири ҷалб нашудани ҷомеаи шаҳрвандӣ ин ташаббусҳо аз камбудиҳо орӣ нестанд ва мушаххас нест, к и кай ҳамаи нақшаҳо амалӣ мешаванд.
Баробари ин Хуан Мендез аз ҷумла хостори татбиқи ҷазои сангинтар нисбати омилони шиканҷа шуда, хостааст, дар қонунгузории Тоҷикистон авфи дастандаркорони ин зуҳуроти номатлуб манъ шавад: “Аз он нигаронам, ки шикоятҳо аз шиканҷаю зӯроварӣ дар Тоҷикистон зиёданд, вале тайи ду соли охир ҳамагӣ дар 4 ҳолат дастандаркорон муҷозот шудаанд.”
Мендез инчунин аз дастрасии фаврӣ пайдо накардани вакилони дифоъ ба зерҳимояҳояшон изҳори нигаронӣ намудааст. Ӯ аз адами пешрафтҳо дар самти тасвиби протоколи факултативии Конвенсияи зидди шиканҷа низ аз ҷониби Душанбе изҳори таассуф карда, афзудааст, ки “тасвиби ин санад метавонист, ба шаффофияти низоми ислоҳии Тоҷикистон мусоидат кунад.”
Дар қатори камбудиҳои дигари қонунгузории Тоҷикистон алайҳи шиканҷа Мендез аз ҷумла овардааст, ки “бо иловаи тағйирот қонунҳои Тоҷикистон бояд истирдоди нафаронеро ба кишварҳои дигар, ки он ҷо онҳоро шиканҷа интизор аст, манъ кунанд ва он бояд тариқи додгоҳ ҳал шавад.”
Хуан Мендез, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар мавриди шиканҷа рӯзи 10 феврал бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуда, дар пайи мулоқот бо мақомоти тоҷик аз маҳбасхонаю маҳкамаҳо низ дидан кардааст. Хуан Мендез моҳи майи соли 2012 низ аз Тоҷикистон боздид карда, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанду Қӯрғонтеппа ва Исфараву Истаравшан бо вазъи 17 муассиса, аз ҷумла аз зиндону қисми ҳарбӣ ошно шуда буд. Мендез аз натиҷаҳои сафараш моҳи марти соли 2013 дар ҷаласаи Созмони Милал гузориш дод. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)