Талаби 200 ҳазор доллар барои раҳоии ду кӯдаки рабудашуда
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти се нафари муттаҳам дар дуздии фарзандони ноболиғи як тоҷири афғон дар Душанбе хабар дод, ки бар ивази раҳоияшон аз падари кӯдакон 200 ҳазор доллар талаб намудаанд.
Масъулони вазорат мегӯянд, ин се нафари муттаҳам 9 январи соли ҷорӣ Сафиалло Саидмуҳаммад (2002) ва хоҳараш Лема Саидмуҳаммад (2004), сокинони кӯчаи Борбади шаҳри Душанберо аз назди манзилашон дуздида ва ба самти номаълум бурдаанд. “Дар пайи созмони як гуруҳи махсуси оперативӣ пас аз се соати воқеаи рухдода, ноболиғони рабудашуда сиҳату саломат бе ягон ҷароҳат дарёфт карда шуданд”,-меафзояд манбаъ.
Маъмурони пулис мегӯянд, баъд аз дарёфти кӯдакон чорабиниҳо барои дастгир кардани дастандаркорони ин ҳолати одамрабоӣ идома ёфта, ҳамчун гумонбар Искандаршо Камолов (1996), зодаи шаҳри Панҷакент, донишҷӯи бахши 1-уми Коллеҷи технологии Тоҷикистон бо ҳамроҳии ноболиғон Ҳусниддин Давлатов (1997), зодаи шаҳри Қурғонтеппа ва Улуғбек Нуров (1997), истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дастгир гардиданд: “Сарвари ин гурӯҳ Искандаршо Камолов, ки қаблан дар ширкати «Алокозай» ҳамроҳи падари ҷабрдидаҳо -- шаҳрванди Афғонистон Муҳаммадфазли Саидмуҳаммад фаъолият мекард, аз тиҷорат ва сармоядории ӯ огаҳӣ пайдо карда, нақшаи рабудани фарзандони ӯро мекашад.”
Манбаъ афзуд, бо маслиҳати Искандаршо Камолов, Ҳусниддин ва Улуғбек бо мақсади таҳдид намудан аз мағозаи маркази савдои «Гулистон» таппончаи “дурӯғин”-ро харида, дар рӯй ниқоб ба ҷинояти одамрабоӣ даст задаанд: “Ноболиғон Сафиалло ва Лемаро тавассути автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106”, рақами қайди давлатиаш 26-02 РТ 01 савор намуда, ба самти ноҳияи Рӯдакӣ бурда, тариқи телефон аз падари ноболиғон Муҳаммадфазли Саидмуҳаммад ба ивази раҳоии фарзандонаш 200 000 доллар талаб намудаанд.”
Аммо, ба гуфтаи масъулони Вазорати умури дохилӣ, амалиёти махсус монеи ин нақшаҳо гардида, айни ҳол нисбат ба ҳодисаи мазкур тибқи талаботи моддаи 130-и Кодекси ҷиноӣ, барои одамдуздӣ парванда оғоз гардида, ба гумонбарон аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)