Манъи таҷлили "Рӯзи Валентин" дар бархе аз мактабҳо
Таҷлили Рӯзи ошиқон ё “Рӯзи Валентин” дар вилояти Оши Қирғизистон барои донишомӯзони макотиби миёна мамнуъ хонда шудааст.
Як намояндаи ҳукумати Ош дар суҳбат бо расонаи хабарии “24.kg” гуфтааст, азбаски ин ид ҳеч рабте ба таърих ва адёни қирғизҳо надорад, таҷлили он барои донишомӯзони макотиби миёна манъ карда шуд.
Вилояти Оши Қирғизистон дорои 56 мактаби миёна мебошад.
Ин дар ҳолест, ки Турсунбой Боқир-уулу, вакили парлумони Қирғизистон ахиран дар як изҳороти худ Рӯзи “Валентини Муқаддас”-ро иди шайтон хонда, хостори манъи таҷлили он дар кишвараш шуда буд. Ӯ таъкид дошт, “ин рӯзро мо ҳаргиз таҷлил накардем ва ҳоло онро дар макотиби таҳсилоти умумии Қирғизистон бошукуҳ ҷашн мегиранд. Иде, ки ба миллати қирғиз бегона аст, таҷлили онро бояд манъ кард.” Турсунбой Боқир-уулу инчунин ба мақомоти кишвараш ҳушдор дода, гуфта буд: “Ман расман ба худи раисиҷумҳур ва аъзои ҳукумати Қирғизистон ҳушдор медиҳам, ки агар миёни ҷавонони кишвар фоҷиае рух диҳад, онҳо ҷавобгӯянд.”
Рӯзи Валентин ё рӯзи ошиқон ҳамасола 14 феврал аз сӯи ҷавонон таҷлил карда мешавад. Таърихи пайдоиши ин ид ба давраҳои аввали масеҳият бармегардад ва дар Тоҷикистон низ назарҳо дар бораи таҷлил кардан ё накардани он назарҳо мухталифанд. Рӯҳониён борҳо онро ба пайравони дини Ислом бегона хонда, хостори манъи таҷлили он шудаанд, вале бархе аз ҷавонон онро як рӯзӣ хушӣ медонанд, ки ба қавли онҳо ба ҳеч дину мазҳабе дахл надорад.