Омӯзиши роҳҳои дарёфт ва хариди маводи хом барои корхонаҳои Тоҷикистон
Намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон, ҳамчунин, омӯзгорон ва донишҷӯёни бахшҳои нассоҷӣ ва мӯд бо иштирок дар ду давраи омӯзишии дурӯзаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе дониши худро дар мавриди роҳҳои дарёфт ва хариди маводи хом амиқтар мегардонанд.
Нахустин давраи ин силсилаи омӯзишҳо, имрӯз, 12-уми феврал, дар шаҳри Хуҷанд, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Хуҷанд оғоз ёфт. Давраи омӯзишии дувум рӯзҳои 18-ум ва 19-уми феврал дар шаҳри Душанбе, дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ин давраҳои омӯзишӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи нави МТБ - “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” гузаронида мешаванд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.
Мушовири байнулмилалии МТБ Эшли Чунг иштирокдорони ҳар ду давраро бо асосҳои занҷираи харид ва таҳвили маводи хом бо таваҷҷӯҳи вижа ба роҳу усулҳои самаранок ва муосири дарёфти тавлидгарони маводи хоми лозима ва муайян кардани сифати маҳсулоти онҳо шинос менамояд. Иштирокдорони давраҳо, ҳамчунин, бо занҷираи ҷаҳонии таҳвили маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ва даҳгонаи аввали кишварҳои содиркунандаи матоъ ошноӣ пайдо карда, дар бораи талаботи умумӣ ва шартҳои бастани қарордодҳои байнулмилалии тиҷоратӣ маълумот хоҳанд гирифт.
Зимни сафари кории худ хонум Чунг аз баъзе корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар низ боздид хоҳад кард. Яке аз ҳадафҳои амалии давраи омӯзишӣ ва машваратҳои инфиродӣ омода кардани намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон барои сафар ба кишвари Чин мебошад, ки моҳи марти соли ҷорӣ баргузор мегардад. Зимни ин сафар намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии ҷумҳурӣ аз намоишгоҳи байнулмилалии Интертекстайл Шанхай, бозорҳои яклухти матоъ ва маводи зарурӣ дар ш. Шанхай ва шаҳраки нассоҷии дар Кечао боздид ба амал оварда, имкон пайдо хоҳанд, ки доир ба низоми байнулмилалии хариди матоъ ва дигар маводи хоми лозима маълумоти бештар бигиранд, бо тавлидкунандагони шинохтаи ҷаҳонӣ вохӯриҳо баргузор намуда, имконоти ҳамкорӣ ва бастани карордодҳои тиҷоратиро баррасӣ бикунанд.