АКС: Оташ гирифтани автобуси гимназияи “Ҳиммат”, ки талабагонро мекашонд
Автобуси гимназияи “Ҳиммат”, ки машғули кашондани хонандагони ҳамин мактаб буд, баъд аз зӯҳри 12 феврал дар маҳаллаи “Советский-1”-и шаҳри Душанбе оташ гирифт.
Бино ба қавли шоҳидони ҳодиса, ки бо “Озодагон” дар тамос шуда, хабардор карданд, сокинони гирду атрофи маҳалла бо шикастани оинаи мусофирбар дарҳол кӯдаконро берун овардаанд. Дар бораи ҳаҷми хисороти ин сӯхтор то ҳол чизе гуфта намешавад. Вале шоҳидон мегӯянд, барои хомӯш кардани он оташнишонҳои ноҳияи Синои пойтахт омада буданд. Иллати ин сӯхтор, ба қавли онҳо, дастгоҳи гази дар мусофирбар насбшуда будааст.
Аммо Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маориф ва илми кишвар гуфта, ки автобус баъд аз расонидани донишомӯзон ба гимназия барои таъмир фиристода шудааст. Ба гуфтаи Шоев, дар дохили автобус ҳангоми сар задани сӯхтор ба ҷуз ронанда каси дигаре ҳузур надоштааст."Озодагон" аз ҳамаи хонандагонаш, ки зуд хабарро мерасонанду аксу навор мефиристанд, сипосгузорӣ мекунад Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)