Мансаби нави собиқ вазири умури хориҷӣ
Марат Тажин, собиқ вазири умури хориҷии Қазоқистон ба ҳайси сафири ин кишвар дар Русия таъйин гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раёсати ҷумҳури Қазоқистон, Тажин дар ин симат Галим Оразбаковро иваз намудааст, ки ҳоло раҳбари Оҷонси зидди ҳифзи рақобати ин кишвар таъйин шудааст. Манбаъ мегӯяд, Тажин дар гузашта ба ҳайси котиби давлатии ин кишвар фаъолият дошт, ки 21 январи 2014, бо фармони Назарбоев барканор шуда буд.
Марат Тажини 59-сола дар мансабҳои баландӣ давлатии Қазоқистон, аз ҷумла раиси Кумитаи амният, дабири Шӯрои амният, ёрдамчии раисиҷумҳур оид ба умури амниятӣ ифои вазифа карда, аз январи соли 2007 то сенябри соли 2009 дар симати вазирии умури хориҷии кишвараш фаъолият намудааст.