Гузоришгари вижаи СММ: “Бо Зайд Саидов мулоқот накардам”
Хуан Мендез, гузоришгари вижаи Созмони Милал, ки шоми 12 феврал аз сафари дурӯзааш ба Тоҷикистон натиҷагирӣ мекард, гуфт, ӯ натавонистааст бо Зайд Саидов, раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав ва вазири пешини саноат, дидор кунад. Ҷаноби Мендез афзуд, ҳарчанд пешниҳодҳо дар бораи мулоқоти ӯ бо Саидов дар зиндон вуҷуд дошт, аммо онҳо ба масъалаи инфиродӣ машғул намешаванд, балки вазъро дар умум баррасӣ мекунанд.
“Мо вазъиятро дар умум назорат ва баррасӣ мекунем. Аз ин рӯ, имкони мулоқот бо Зайд Саидов нашуд”,-афзуд ӯ. Раҳбари Тоҷикистони нав, вазири пешини саноат ва аз соҳибкорони муваффақ, Зайд Саидов, 25 декабри соли гузашта аз сӯи Додгоҳи олӣ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Вай моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса, дар ҳоле ки ба ҳайси вакили шаҳрӣ масуният дошт, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт ва ба қаллобиву бисёрзанӣ, ва таҷовуз ба номусу сӯистфиода аз мақом айбдор гардид.
САЛИБИ СУРХ
Хуан Мендез дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аз мақомоти кишвар хостааст, ба намояндагони Салиби Сурх барои боздид аз зиндонҳо иҷоза бидиҳанд. Ӯ афзуд, “албатта, дар аксари кишварҳо зиндонҳо дари боз надоранд. Барои мисол, дари зиндонҳо дар Русия барои касе кушода нест. Вале мо аз мақомоти тоҷик хостем, ҳадди ақал ба Салиби Сурх иҷоза бидиҳанд, то онҳо низ миссияи худро ба анҷом расонанд.”
ГИЛАИ МЕНДЕЗ
Гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури шиканҷа аз ин пеш дар як мизи гирд бо иштироки мақомдорони Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфт, тавсияи қаблияш дар бораи гузарондани мониторинги мустақили вазъи маҳбасу зиндониён иҷро нашудааст. Хуан Мендез дар пайи шикояти ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ки гуфтанд, ба маҳбасхонаҳо дастрасӣ надоранд, бори дигар ба мақомоти кишвар тавсия дод, ки як гуруҳи махсусро бо ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил намоянду вазъи маҳбасхонаҳоро мониторинг кунанд: “Ҳанӯз дар сафари қаблӣ тавсия додем, ки мониторинги маҳбасхонаҳои Тоҷикистон гузаронда шавад, ки то ҳол иҷро нашудааст. Бори дигар хоҳиш менамоем, ин кор амалӣ шаваду дастрасии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба маҳбасхонаҳо таъмин гардад.”
МАВҚЕИ БОБОНАЗАРОВА
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик, зимни ин ҳамоиш изҳор дошт, аз сафари моҳи майи соли 2012-и Мендез ба Тоҷикистон то ҳозир вазъи шиканҷа якбора бадтар шудааст. Ӯ изҳор дошт, ки то он замон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳадди ақал имкон доштанд, ки аз маҳбасхонаҳо боздид кунанду аз ҳоли маҳбусон хабар гиранд.
ҶАВОБИ АЛИЗОДА
Дар ҷавоб ба изҳороти Мендез ва шикоятҳои ҳомиёни ҳуқуқ Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ё Омбудсмен гуфт, феълан гуруҳи махсуси корӣ барои мониторинги маҳбасхонаҳо ташкил шудааст ва ин кор дар ояндаи наздик амалӣ хоҳад шуд.
Хуан Мендез, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар мавриди шиканҷа рӯзи 10 феврал бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуда, дар пайи мулоқот бо мақомоти тоҷик аз маҳбасхонаю маҳкамаҳо низ дидан кардааст. Хуан Мендез моҳи майи соли 2012 низ аз Тоҷикистон боздид карда, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанду Қӯрғонтеппа ва Исфараву Истаравшан бо вазъи 17 муассиса, аз ҷумла аз зиндону қисми ҳарбӣ ошно шуда буд. Мендез аз натиҷаҳои сафараш моҳи марти соли 2013 дар ҷаласаи Созмони Милал гузориш дод. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)