Боздошту мусодираи 4 ҳазор нусха нашрияҳои Узбакистон дар Суғд
Дар тӯли соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор нусха нашрияҳои узбакзабони чопи Узбакистон боздошту мусодира шудаанд.
Илҳом Мелибоев, сардори Шӯъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати гумруки вилояти Суғд, давоми соли 2013 дар қаламрави вилоят 15 ҳолати воридоти ғайриқонунии нашрияҳои чопи Узбакистон ошкор карда шудааст, ки ин рақам дар соли 2012 - 19 ҳолат будааст.
Гуфта мешавад, аксари рӯзномаҳои боздоштшуда «Даракчӣ», “Табассум”, «Заковат», «Тӯтӣ» будаанд, ки тариқи қочоқ вориди кишвар шудаанд. Илҳом Мелибоев гуфт, ҳоло нисбат ба ин ҳолат парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз гардида, барои баррасӣ ба мақомоти додгоҳӣ ирсол гардидааст.