Норозигии Зоиров аз КДАМ-у ВКД ва талаби ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), мегӯяд, аз болои қонуншиканиҳои Кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилӣ ба Додситонии кулли кишвар шикоят мебарад. Зоиров ин ду ниҳодро дар бетаваҷҷуҳӣ ба муроҷиати шаҳрвандон оид ба қонуншиканиҳо айбдор мекунад.
Раиси ҲСДТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, инчунин, аз Додситонии кулли Тоҷикистон ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Раёсати кофтукоби ҷиноиии шаҳри Душанберо дар робита ба ҳамлаи аввали занони исёнгар ба дафтари ҳизбаш талаб хоҳад кард. Ба гуфтаи Зоиров, ин ниҳод дар вайрон кардани Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оид ба муроҷиати шаҳрвандон муттаҳам мешавад: “Ҳарчанд бори дуюм аст, ки занони ношинос ба дафтари ҳизби мо ҳамла мекунанд, вале Шарифхонов, сардори Шуъбаи кофтукоби ҷиноӣ беш аз як моҳ аст, ҳанӯз ба қазияи аввал расидагӣ накардааст.”
Ин дар ҳолест, ки ба қавли раиси ҲСДТ, сардори Шуъбаи кофтукоби ҷиноӣ мустақиман рӯзи 16 декабри соли гузашта дастур гирифтааст,то ба ин қазия расидагӣ кунад. Зоиров мегӯяд, ҳоло дар робита ба ҳамлаи дувуми занони исёнгар ба дафтари ҳизбаш ба ҷуз як муроҷиат ба ниҳодҳои интизомӣ кори дигаре накардааст. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, шахсияти чанд тан аз ин исёнгарон маълум шудааст, ки аз куҷоянду дар куҷо кор мекунанд.
Бори аввал, моҳи декабри соли гузашта, ҳудуди 20 тан, аксаран занону ҷавонон ба қароргоҳи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки дар он ҷо Раҳматилло Зоиров нишасти хабарӣ дошт, ба нишони эътироз ҷамъ омада, ӯро хоин ва душмани Эмомалӣ Раҳмону суботу оромӣ донистанд ва аз хабарнигорон хостанд, ба ҳарфҳои ӯ гӯш надиҳанд. Зоиров дар ин нишасти хабарӣ бештар дар бораи сафараш ба Украина, ки бо ҳадафи анҷоми як таҳқиқот ва ба ҳайси олими ҳуқуқ сурат гирифтааст, суҳбат мекард.
Ҳамлаи дувуми ин гуруҳ занон рӯзи 1 феврали соли ҷорӣ дар назди дафтари ҲСДТ сурат гирифт. Агарчӣ дар дохили дафтари ҳизб касе набудаасту дари он баста, тазоҳургарон зидди раҳбари ҳизб шиор дода, гуфтаанд, раҳбрияти ҲСДТ дарҳоро баста пинҳонӣ машғули ҷаласаанд. Танҳо баъд аз кушодани дари қароргоҳ, ки дар дохилаш касе набудааст, қисме аз онҳо аз тазоҳурот даст кашидаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)