“ИрАэро” вориди бозори мусофиркашонии Тоҷикистон мешавад
Ширкати ҳавоии “ИрАэро”-и Русия, ки қароргоҳаш дар Иркутск аст, аз охири моҳи феврал парвозҳо дар хатсайри Омск-Душанбе-Омскро роҳандозӣ хоҳад кард.
Бар асоси иттилои ин ширкат, парвозҳо дар ин хатсайр ҳафтае як бор ба нақша гирифта шудаанд.