"Мулоқоти Рамазон Раҳимов бо хабарнигорон баъди бозгашт аз Суғд баррасӣ мешавад"
Роҳбарияти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 12-уми феврал, бо пахши як иттилоия гуфт, масаъалаи мулоқоти вазир Рамазон Раҳимов бо роҳбарони созмонҳои хабарнигорӣ баъди бозгашташ аз вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Дар иттилоияи ин ниҳод аз ҷумла омадааст, ки ВКД аз таваҷҷӯҳи роҳбарони расонаҳои ахбори омма ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дархост оиди вохӯрӣ бо вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов истиқбол намуда, талош менамояд, ки пайваста бо онҳо дар иртибот бошад: “Айни замон Вазири корҳои дохилии кишвар дар сафари хизматӣ дар вилояти Суғд қарор дошта, баъди сафар ин масъала бо ӯ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад ва аз аз натиҷаи он тавассути сомонаи Вазорат маълумот пешниҳод мешавад.”
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 11-уми феврал масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, Рамазон Раҳимов бо раҳбарони созмонҳои журналистӣ ва хабарнигорон мулоқоти рӯбарӯ анҷом нахоҳад дод. Дар пайи боздошту латту кӯби Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”, аз сӯи пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, раҳбарони чанде аз созмонҳои журналистӣ хостори мулоқоти хос бо Рамазон Раҳимов шуда буданд. Дар пайи ин дархост, Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ, изҳори омодагӣ карда буд, ки бо рӯзноманигорон сӯҳбати рӯбарӯ мекунад ва бархӯрди баъзе аз маъмурони пулис бо хабарнигоронро баррасӣ мекунад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)