Бону Лакшми Венкатачалам, ноиби президенти Бонки Рушди Осиё (БРО) рӯзи 11-уми августи соли равон ба Душанбе барои анҷоми як сафари расмии дурӯза ворид гашт.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз дафтари тоҷикистонии ин ниҳоди байналмилалӣ иттилоъ доданд. Ба қавли сарчашмаи хабар, Лакшми Венкатачалам, ки барои нахустин бор аз Тоҷикистон дидан мекунад, имрӯз бо ҳайати баландпояи ҳукумати кишвар дар Душанбе мулоқот мекунад.Зимни ин нишаст масоили марбут ба кӯмаки БРО ба бахши иқтисодии Тоҷикистон, инчунин баррасии иштироки ин ниҳоди молии ҷаҳонӣ дар пружаҳои сектори хусусӣ дар назар аст. Ҳадаф аз барномаи кӯмаки БРО ба Тоҷикистон беҳдошти сохтор, рушди бахши инфиродӣ ва густариши равобити бештари минтақавӣ мебошад.
Маврид ба ёдоварист, Бонки Рушди Осиё шурӯъ аз соли 1998 татбиқи лоиҳаҳои худро дар Тоҷикистон оғоз карда, тайи ин муддат маблағи баробар ба 845 миллион $- ро дар шакли қарзи имтиёнок ва кӯмакҳои фаннӣ ба ҷумҳурии мо ироа кардааст.{jathumbnail off}